ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25–26 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷаласаи пленарии навбатии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, дар доираи ҷаласа лоиҳаи «Барномаи кории шабака барои солҳои 2027–2030», методологияи арзёбии даври шашуми мониторинг тибқи нақшаи амали Истанбул оид ба мубориза бо коррупсия, инчунин масъалаҳои масъулияти корпоративӣ ва муқовимат ба ҷараёнҳои ғайриқонунии молиявии вобаста ба коррупсия баррасӣ гардиданд.
Ҳайати агентӣ дар ҷаласа ҳамзамон бо роҳбарият ва масъулини Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ карда, ҷараёни татбиқи тавсияҳои даври панҷуми мониторинг, ислоҳоти қонунгузорӣ ва институсионалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда ва қадамҳои минбаъдаро барои такмили механизмҳои миллии зиддикоррупсионӣ дар остонаи омодагӣ ба даври навбатии арзёбӣ муфассал баррасӣ намуданд.
Мақсад ва натиҷаи асосии иштироки намояндагони мақомоти зиддикоррупсияи Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз табодули самараноки таҷрибаи пешқадам, таҳкими муколама дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, рушди минбаъдаи ҳамкории судманди агентӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд иборат буд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj
