ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), ки 9 ноябри соли 2026 нашр гардид, соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарини таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ бошад. Дар ин давра тамоюли тӯлонии баландшавии ҳарорати ҷаҳонӣ, обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳр идома ёфта, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва зиндагии аҳолии сайёра таъсири бештар мерасонанд.
Тибқи гузориш, зуҳуроти пурқуввати иқлимии «Эл-Нинйо» метавонад ҳарорати ҷаҳониро боз ҳам баланд бардошта, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои шадиди обу ҳаворо зиёд намояд. Таъсири ин раванд то соли 2027 идома ёфта метавонад.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки солҳои 2023, 2024, 2025 ва 2026 дар қатори чор соли гармтарини таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ қарор доранд. Инчунин ҳарорати уқёнусҳо ва сатҳи миёнаи ҷаҳонии баҳр ба нишондиҳандаҳои рекордӣ расидаанд. Аз ҷумла, сатҳи баҳр дар соли 2026 ба баландтарин нишондиҳандаи давраи мушоҳидаҳои моҳворавӣ, ки соли 1993 оғоз гардидааст, расидааст.
Ҳамзамон ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз ҷумла мавҷҳои гармӣ, хушксолӣ, боришоти шадид, обхезӣ ва тӯфонҳо ба иқтисодиёт ва зиндагии миллионҳо нафар зарари назаррас мерасонанд. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ тақвияти низоми мушоҳидаҳои иқлимӣ, пешгӯии саривақтии обу ҳаво ва огоҳсозии барвақти аҳолиро аз тадбирҳои муҳими коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ арзёбӣ менамоянд.
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист
Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти муҳими глобалии замони муосир ба шумор рафта, таъсири он дар тамоми минтақаҳои сайёра эҳсос мешавад. Баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво, обшавии пиряхҳо, тағйир ёфтани низоми боришот, афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ, камшавии захираҳои обӣ ва таназзули экосистемаҳо аз ҷумлаи пайомадҳои асосии ин раванд мебошанд.
Тибқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера мебошад. Сӯхтани ангишт, нафт ва газ, фаъолияти саноатӣ, нақлиёт ва коҳиш ёфтани масоҳати ҷангалҳо аз омилҳои асосии афзоиши партовҳои ин газҳо ба ҳисоб мераванд.
Тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Гармии аз ҳад зиёд метавонад боиси афзоиши бемориҳои вобаста ба ҳарорати баланд, камобшавии бадан ва мушкилоти фаъолияти дилу рагҳо гардад. Илова бар ин, тағйир ёфтани муҳити зист ва васеъ шудани минтақаҳои паҳншавии баъзе бемориҳои сироятӣ метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсир расонад.
Обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои обӣ
Яке аз пайомадҳои нигаронкунандаи тағйирёбии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо манбаи муҳими захираҳои оби ширин буда, дар таъмини аҳолӣ, рушди кишоварзӣ, саноат ва истеҳсоли неруи барқ нақши муҳим доранд.
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, пиряхҳои ҷаҳон соли 2025 тақрибан 408 миллиард тонна массаи яхро аз даст додаанд. Ин миқдор обшавии ях ба болоравии тақрибан 1,1- миллиметрии сатҳи ҷаҳонии баҳр баробар мебошад.
Обшавии пиряхҳо на танҳо ба захираҳои обии минтақаҳои кӯҳӣ таъсир мерасонад, балки метавонад боиси тағйир ёфтани низоми ҷараёни дарёҳо, афзоиши хавфи селу обхезӣ ва мушкилоти таъмини об дар минтақаҳои поёноб гардад. Ҳамзамон болоравии сатҳи баҳр барои минтақаҳои соҳилӣ, ҷазираҳо ва шаҳрҳои наздибаҳрӣ хатари бештар ба вуҷуд меорад.
Афзоиши офатҳои табиӣ ва тағйирёбии муҳити зист
Тағйирёбии иқлим метавонад хавфи рух додани баъзе ҳодисаҳои фавқулодаи табииро зиёд намояд. Аз ҷумла, гармшавии ҳаво, тағйир ёфтани низоми боришот ва обшавии пиряхҳо метавонанд ба афзоиши хавфи сел, обхезӣ, ярч ва хушксолӣ мусоидат кунанд.
Ҳамчунин тағйирёбии ҳарорат ва муҳити зист ба гуногунии биологӣ таъсир расонида, шароити зиндагии бисёр намудҳои набототу ҳайвонотро тағйир медиҳад. Баъзе намудҳо маҷбур мешаванд макони зисти худро иваз намоянд ва намудҳое, ки ба шароити нав мутобиқ шуда наметавонанд, метавонанд зери хатари нобудшавӣ қарор гиранд.
Тоҷикистон: обшавии пиряхҳо ва осебпазирии захираҳои обӣ
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ва обӣ мебошад, масъалаи тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад. Тақрибан 93 фоизи қаламрави мамлакатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим доранд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки аз 9 то 20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, иштирок намуд.
Яке аз чорабиниҳои муҳими ин конфронс муколамаи сатҳи баланди вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим буд. Дар он масъалаҳои обшавии пиряхҳо, камбуди захираҳои обӣ, таназзули замин, афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода оид ба тадбирҳои мамлакат дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳтар намудани низоми мониторинги иқлимӣ ва гидрометеорологӣ, инчунин таҳияи низоми огоҳсозии барвақт маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин Баҳодур Шерализода пешниҳод намуд, ки дар Осиёи Марказӣ «Платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз» таъсис дода шуда, давоми 12 моҳи оянда лоиҳаҳои намоишии фаромарзӣ дар самтҳои идоракунии партовҳо, истифодаи самараноки захираҳои об ва мониторинги муҳити зист амалӣ карда шаванд.
Дар доираи конфронс ба масъалаҳои идоракунии партовҳо, рушди технологияҳои мониторинги партовҳои метан, коркарди дубораи захираҳо, батареяҳо ва таҷҳизоти электронӣ, инчунин ташаккули иқтисодиёти даврӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Тибқи маълумоти Монитори миллии партовҳои электронии Тоҷикистон барои соли 2025, ҳаҷми партовҳои электронии мамлакат метавонад то соли 2050 ба 36 ҳазору 400 тонна дар як сол расад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими чорабиниҳои конфронс ба мувофиқа расидани масъалаи ҷудо намудани 2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз тавассути Бонки Осиёии рушд барои татбиқи лоиҳа дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон мебошад. Ин маблағгузорӣ ба таҳкими низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани устувории хизматрасониҳои тиббӣ дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.
Пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим
Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки барои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим андешидани тадбирҳои муштарак дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ зарур мебошад. Аз ҷумла, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи ҷангалҳо, сарфакорона истифода бурдани об ва татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ аз самтҳои муҳими мубориза бо ин раванд мебошанд.
Ҳамзамон таҳкими низоми мониторинги иқлим, пешгӯии ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво ва огоҳсозии саривақтии аҳолӣ метавонад ба коҳиш додани зарари офатҳои табиӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим равандест, ки ба захираҳои обӣ, амнияти озуқаворӣ, саломатии аҳолӣ, иқтисодиёт ва муҳити зист таъсири мустақим мерасонад. Аз ин рӯ, ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вазифаи муҳим ва масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ заминаи муҳим фароҳам овардаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj
