Пятница, 27 ноября 2026
Экономика

Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) дар шаҳри Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ баргузор гардид. Иҷлосияи мазкур ба 35-солагии ба имзо расидани Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ бахшида шуда буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори иҷлосия роҳбарони ваколатдори мақомоти авиатсионии давлатҳои иштирокчии Созишнома – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии узбекистон иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияи мазкур Раиси Шуро, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода намояндагӣ кард.

Иҷлосияро Раиси Шуро Ҳабибулло Назарзода роҳбарӣ намуд.

Зимни иҷлосия иштирокдорон натиҷаҳои фаъолияти 35-соларо дар доираи Созишнома ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ баррасӣ намуданд. Шуро маълумотро оид ба татбиқи Консепсияи таъсиси фазои ягонаи иттилоотӣ барои мубодилаи маълумот дар соҳаи бехатарии парвозҳо, таҳқиқи садамаҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ, инчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамоҳангсозии Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ шунид. Илова бар ин, масъалаҳои таъмини бехатарии парвозҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд.

Пас аз муҳокима, Шуро як қатор санадҳоро, аз ҷумла лоиҳаҳои Қоидаҳои авиатсионӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ, меъёрҳои қобилияти парвози ҳавопаймоҳои категорияи нақлиётӣ, талаботи сертификатсионӣ ба таҷҳизоти аэродромҳо ва хатсайрҳои ҳавоӣ, инчунин оид ба сертификатсияи техникаи авиатсионӣ, ташкилотҳои лоиҳакаш ва истеҳсолкунандагонро тасдиқ намуд.

Иштирокчиён инчунин ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Созишнома дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ изҳори итминон намуданд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj