Пятница, 27 ноября 2026
Экономика

Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2026» баргузор гардид, ки дар доираи он байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рекон» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди рақамикунонӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдошти баимзорасида ба таҳкими робитаҳои шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонӣ дар ҳудуди мамлакат равона гардида, дар анҷоми ҳамоиш байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳои технологӣ ва соҳибкорони ватанӣ вохӯриҳои судманди B2B баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2026» 26 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадафи асосии форум татбиқи амалии иқдомҳои созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030, таъмини дастрасии соҳибкорони ватанӣ ба технологияҳои муосири рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва абзорҳои савдои электронӣ, инчунин содагардонии расмиёти содироту воридот ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши IT-и Тоҷикистон мебошад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj