ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли равон ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бештар мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 53,9 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда ба хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 58,4 фоиз, вилоятҳои Суғд- 40,8 фоиз, Хатлон- 62,3 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50,1 фоиз рост меояд.
Дар моҳҳои январ — октябри соли 2026 ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 14,1 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30,5 фоиз, вилоятҳои Суғд- 20,7 фоиз, Хатлон- 11,1 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10,0 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 32,0 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ — октябри соли 2026 дар ҳама категорияҳои хоҷагӣ 79393,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 8,3 фоиз зиёд мебошад. Он, аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 8,6 фоиз ва дар чорвопарварӣ 7,5 фоиз зиёд аст.
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






