Суббота, 28 ноября 2026
Экономика

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Хадамоти  гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мақомоти гумрук ва муқовимат ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин ба масъалаи тавсеа ва навсозии маркази кинологии Хадамоти гумрук таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо имконияти рушди минбаъдаи ин самт, беҳтар намудани заминаи моддию техникии марказ, инчунин ҷалби кумаки зарурии техникӣ ва молиявии UNODC-ро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди иқтидори кинологӣ ба баланд бардоштани самаранокии ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тавассути сарҳади гумрукӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон масъалаи рушди гурӯҳи назорати бандарӣ (Port Control Unit), ки ба таҳкими имконоти мақомоти гумрук дар самти ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии молҳои манъшуда ва дигар борҳои ғайриқонунӣ тавассути хатсайрҳои байналмилалии нақлиётиву логистикӣ равона шудааст,муҳокима гардид.

Мусоҳибон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои амалии татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда ва идомаи фаъолияти муштарак барои таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва техникии Хадамоти гумрук изҳор намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj