Воскресенье, 29 ноября 2026
Экономика

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи  давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд

ДУШАНБЕ, 29.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон зиёда аз 100 000 бех ниҳол барои фурӯш ва шинонидан омода гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ниҳолхона дар масоҳати беш аз 1 гектар ҷойгир буда, дар он дар маҷмӯъ 388 500 бех ниҳол, аз ҷумла 5 000 бех санавбар, 400 бех туя, 800 бех чормағз, 17 000 бех шулаш, 44 000 бех ақоқиё ва дигар намуди дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан парвариш карда мешаванд.

Парвариши ниҳолҳои босифат яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи хоҷагии ҷангал ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар мамлакат сол ба сол теъдоди муассисаҳои ниҳолпарварӣ меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2024 санади муҳим — «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Дар доираи амалишавии ин барнома дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад.

Барнома як ҳуҷҷати муҳими экологӣ буда, ҳадафаш беҳтар намудани муҳити зист, мубориза бо гармшавии иқлим ва зиёд намудани майдони дарахтон дар мамлакат мебошад. Инчунин барнома ба кам кардани газҳои гулхонаӣ дар раванди тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисоди «сабз» мусоидат намуда, то соли 2040 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj