Воскресенье, 29 ноября 2026
Экономика

Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд

ЛАХШ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш дар 60 садяк замини ниҳолхона 33 ҳазор наврустаҳои сӯзанбарг, санавбар, чормағз ва дигар намуди дарахтонро шинониданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» директори Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш Шодибек Давлатзода иттилоъ дод.

Ба хотири татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои бунёди ниҳолхона ба Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш 3 гектар қитъаи замини корам ҷудо намуд. Хоҷагии ҷангали ноҳия давра ба давра дар 3 гектар ниҳолҳои гуногунро шинонда, парвариш менамояд.

Кормандони Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар 30 садяк замини ниҳолхона 670 бех павлония шинониданд.

Мувофиқи нақша, дар фасли баҳор боз дар 60 садяки дигар 1340 бех павлония мешинонанд. Имсол мувофиқи нақша Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш дар 3 гектар ҷангал бунёд карда, дар 2 гектар ҷангалро барқарор мекунад.

Соли 2026 дар дар ноҳияи Лахш бояд 16 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 19 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд.

Мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида, соли 2027 сокинони ноҳияи Лахш 22 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун мешинонанд. Сокинони ноҳия бештар дарахтони сафедор, тирак, бед, арча ва дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ноҳия мутобиқ мешинонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj