Пятница, 13 ноября 2026
Экономика

Сабикаҳои ченакии тилло - воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сабикаҳои ченакии тилло - воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қиматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фурӯши сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст. Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории Metallor Technologies SA Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда мешаванд.

Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қиматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj нишон дода мешавад. Сабикаҳои ченакии тилло - воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд буда, имкон медиҳад, ки доранда онҳоро ҳамчун пасандоз нигоҳ дорад ё тавассути хариду фурӯши минбаъда даромад ба даст орад.

Афзалиятҳои сабикаҳои ченакии тилло пардохтпазирии баланд, воситаи дарозмуддати сармоягузорӣ, ҳифз аз таваррум ва буҳронҳои иқтисодӣ, бозхарид бо пардохти маблағ ба муштарӣ дар ҳамон рӯз (бо шарти ҳифз ва вайрон накардани борҷомаи муҳофизатӣ) мебошад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"