Четверг, 12 ноября 2026
События

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.

Иброз гардид, ки Рӯзи милитсияи тоҷик таҷассумгари эҳтирому эътирофи ҷомеа нисбат ба хизматҳои содиқона ва ҷонфидоиҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ин сана аз қадршиносии Ҳукумати мамлакат нисбат ба саҳми арзишманди ҳайати шахсӣ, кормандон ва собиқадорони ин ниҳоди бонуфуз дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дарак медиҳад.

Бо иқдомҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҷдиду сохтмони инфрасохтори муосир барои мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, муҳайё сохтани шароити хуби корию маишӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Таҳкурсии моддию молиявӣ, таҷҳизотӣ ва кадрии ин мақомот хеле устувор шуда, муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дар низоми мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилоят кадрҳои баландихтисоси дорои масъулияти баланди хизматӣ адои вазифа менамоянд.

Дар охир як зумра кормандони ин ниҳод бо Ифтихорнома, медал, рутбаҳои навбатӣ ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj