Четверг, 12 ноября 2026
События

Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон ҳама тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин хотир то ба ҳол иншооту биноҳои зиёди замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

«Аз ҷумла, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд. Ҳамчунин бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид»,–баён доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат  иброз намуданд, ки бо назардошти сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос низ меафзояд. Аз ин лиҳоз дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ факултети фаъолияти фаврӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Ҳамзамон имрӯз барои омода намудани кадрҳои наву баландихтисос ва мутахассисони соҳибкасби соҳа литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо беҳтарин шароиту имконият ба фаъолият оғоз намуд.

«Бовар дорам, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат менамоянд»,–таъкид намуданд Сарвари давлат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj