ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони пешқадам бо мукофотҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки милитсияи тоҷик аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ масъулияти бузурги ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва нигоҳ доштани суботи ҷомеаро бар зимма дорад.
Дар ҳамоиш барои фаъолияти намунавӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ба як зумра кормандони пешқадам Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ супорида шуданд. Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии милитсия минбаъд низ тамоми неруяшро ба ҳифзи амнияту субот ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон равона месозад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






