Суббота, 21 ноября 2026
События

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 28-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар кори он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзо масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъдаро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ карданд.

Иштирокчиён натиҷаҳои амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротиро дар соли 2026 ҷамъбаст намуда, нақшаи чорабиниҳои асосии Шуроро барои соли 2027 тасдиқ карданд. Зимни ҷаласа раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2027 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад доир ба вазъи назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа сухан намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ изҳори назар кард.

«Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои раёсат дар соли 2027 омодагии ҳамаҷонибаи худро баён дошта, бо дарназардошти мавқеи калидии Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мо таваҷҷуҳи асосиро ба таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тавсеаи амалиётҳои муштараки фаврӣ бо мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзо равона хоҳем кард»,-таъкид намуд Зафар Самад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj