Среда, 25 ноября 2026
События

Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ милисаҳои ояндаи тоҷик таҳсил мекунанд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ милисаҳои  ояндаи тоҷик таҳсил мекунанд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи ноябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Нахустин маротиба дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуда, минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ доир мегардад.

Литсейи «Дурахшандагон» бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта таъсис дода шудааст. Наврасон аз хурдӣ дар ин муассисаи барҳавои таълимӣ бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.

Таълимгоҳи мазкур дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

Дар он барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.

Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам гардидааст.

Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардидааст, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Литсейи «Дурахшандагон» 10 ноябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расонидани хизматчиёни ояндаи низомии кишвар вазифадор намуданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj