ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 октябри соли 2026 дар мамлакат «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030» мавриди амал қарор дорад.
Рушди муосири ҷомеа аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо менамояд, ки равишҳои инноватсиониро дар заминаи технологияҳои рақамӣ ва маълумот дар ташкили фаъолият амалӣ намоянд. Аз ин рӯ яке аз самтҳои муҳими он рушди рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин раванд таъсиси фазои ягонаи рақамии фаъолияти милитсия буда, он бояд ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, шаффофияти фаъолият ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон мусоидат намояд.
Муҷаҳҳазгардонии кормандони милитсия бо бодикамераҳои мобилӣ
Дар асоси банди 20-и барнома, ки ба рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва автоматикунонии гардиши ҳуҷҷатҳо бахшида шудааст, муҷаҳҳазгардонии кормандони милитсия бо бодикамераҳо (видеорегистраторҳо)-и мобилӣ пешбинӣ гардидааст. Ин тадбир яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рақамикунонии фаъолияти милитсия ба ҳисоб рафта, барои сабти раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва нигоҳдории мутамаркази маълумоти видеоӣ замина фароҳам меорад.
Бо амалӣ намудани чунин таҷҳизот сабтҳои видеоӣ метавонанд дар низоми махсус нигоҳдорӣ ва ба таври автоматӣ нусхабардорӣ карда шаванд. Истифодаи бодикамераҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони милитсия аҳамияти муҳим дошта, метавонад ба таъмини шаффофияти муносибатҳои хизматӣ бо шаҳрвандон, таҳкими назорати дохилиидоравӣ ва баррасии воқеъбинонаи ҳолатҳои баҳсӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон сабтҳои видеоӣ метавонанд ҳангоми омӯзиш ва арзёбии ҳолатҳои рухдода дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҳамчун манбаи иттилоот истифода шаванд.
Тибқи барнома, нигоҳдории маълумоти сабтшуда бояд ба таври марказонида ва нусхабардории он ба таври автоматӣ ба роҳ монда шавад. Ин талабот барои нигоҳдории муназзами маълумот ва таъмини дастрасии дахлдор ба он аҳаммияти махсус дорад.
Татбиқи низоми зеҳнии видеотаҳлил ва зеҳни сунъӣ
Дар доираи барнома истифодаи технологияҳои муосири сабт ва таҳлили маълумот низ ба рақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, рушди низоми зеҳнии видеотаҳлил, шинохти чеҳра, воситаҳои нақлиёт ва модели рафторӣ аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт муайяншуда мебошанд.
Ҳамзамон истифодаи технологияҳои маълумоти бузург (Big Data) ва зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯйии ҳуқуқвайронкуниҳо пешбинӣ шудааст. Ин раванд метавонад ба таҳлили маълумоти ҷамъоваришуда, муайян намудани тамоюлҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва беҳтар намудани фаъолияти пешгирикунанда мусоидат намояд.
Дар ин замина ташаккули низоми маҷмуии амнияти киберии мақомоти корҳои дохилӣ, таҳлил ва вокуниш ба ҳодисаҳои амнияти иттилоотӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ ҳифзи маълумот ва таъмини амнияти иттилоотӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Ташкили низоми ягонаи рақамӣ ва хизматрасониҳои электронӣ
Банди дигари муҳими барнома таъсиси Махзани ягонаи маълумоти электронии марказонида мебошад. Тибқи он, ҳамаи махзанҳои маълумот, феҳристҳо ва системаҳои баҳисобгирии мавҷуда бояд дар низоми ягона муттаҳид карда шаванд. Ҳамчунин татбиқи меъмории модулӣ бо имконияти пайваст намудани воҳидҳои минтақавӣ ва таъмини дастрасии фаврӣ ба иттилоот дар реҷаи вақти воқеӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамкории электронӣ бо ҷомеа низ тавассути таҳияи сомона ва барномаи мобилӣ ба роҳ монда мешавад. Ин воситаҳо барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон, пешниҳоди иттилоот ва расонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ истифода хоҳанд шуд.
Яке аз ҳадафҳои асосии чунин иқдомҳо содагардонии раванди муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Дар баробари ин, имконияти назорат аз болои раванди қабул, бақайдгирии шикоятҳо ва қабули қарорҳо аз ҷониби кормандони масъул низ пешбинӣ шудааст.
Таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Тибқи муқаррароти барнома, ҳамкории милитсия бо ҷомеа бояд ба принсипҳои эътимоди мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак асос ёбад. Баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандони милитсия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташкили робитаи устувор байни милитсия ва аҳолӣ, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ аз ҷанбаҳои асосии ин ҳамкорӣ мебошанд.
Ҳамзамон фаъолияти нуқтаҳои сайёри милитсия дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст идома дода мешавад. Ин иқдом ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар доираи ваколатҳои милитсия равона карда шудааст.
Назорат ва арзёбии фаъолияти милитсия
Яке аз самтҳои дигари ислоҳот такмили механизми назорати фаъолияти милитсия мебошад. Тибқи барнома назорат тавассути баҳодиҳии берунӣ ва дохилиидоравӣ амалӣ мегардад. Баҳодиҳии берунӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гузаронидани пурсиши аҳолӣ амалӣ гардида, баҳодиҳии дохилиидоравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.
Инчунин мониторинги ҳарсолаи натиҷаҳои фаъолияти милитсия, пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти хизматӣ ва гузаронидани машваратҳои муштарак бо шуроҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.
«Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026–2030» якчанд тадбирҳои муҳимро дар самти навсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муайян намуда, ба рушди заминаи моддию техникӣ, такмили низоми идоракунӣ, рақамикунонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва таҳкими робита бо ҷомеа равона гардидааст.
Муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳои мобилӣ, ташкили низоми марказонидаи нигоҳдории сабтҳои видеоӣ, татбиқи технологияҳои зеҳнии таҳлил ва рушди хизматрасониҳои электронӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки метавонанд дар баланд бардоштани шаффофият, масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти милитсия нақши муҳим дошта бошанд.
Ҳадафи ниҳоии ислоҳот ташаккули низоми муосир, касбӣ ва аз ҷиҳати технологӣ муҷаҳҳази мақомоти корҳои дохилӣ буда, фаъолияти он бояд ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа равона гардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






