ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Салтанати Умон Анвар ибни Ҳилол Ал-Ҷобирӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Умонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба имкониятҳои мавҷуда ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.
Дар ин замина, ба масъалаҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, густариши содироту воридот, ҷалби сармоя ба иқтисоди ҳар ду мамлакат, роҳандозии ҳамкории мустақим байни ширкатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамчунин, аҳаммияти фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон ва рушди робитаҳои байни доираҳои тиҷоратии ду мамлакат таъкид карда шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои муштарак барои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба манфиати ҳар ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






