ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо иҷрокунандаи вазифаи муовини ҳамоҳангсоз, Бюрои мубориза бо терроризми Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марк Флеминг баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти сарҳадӣ, суботи минтақавӣ, тақвияти иқтидори мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқ ва неруҳои марзӣ баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






