Пятница, 13 ноября 2026
Политика

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди таъсиси Маркази дипломатияи оби Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи обии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ» чорабинӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ устодон, донишҷӯён ва шунавандагони Академия иштирок намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи обии мамлакат ва пешбарии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт таъкид намуд.

Иброз гардид, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ба таҳкими рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мусоидат намудаанд. Ҳамзамон аҳаммияти ҳамкории минтақавӣ, идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва рушди муколамаи созанда ҳамчун омилҳои муҳими эътимод ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Дар ин замина ба нақши Душанбе ҳамчун платформаи байналмилалии муколама оид ба масъалаҳои об, баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 ва масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Дар анҷом нақши Маркази дипломатияи оби Тоҷикистон дар пайванди илм, сиёсат ва дипломатия, инчунин рушди иқтидори касбии мутахассисони ҷавон муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj