Понедельник, 16 ноября 2026
Политика

Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ» Иброҳим Носир Ал-Милайфӣ вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи табъу нашр байни  Тоҷикистон ва Кувайт табодули афкор намуда, аз нақши арзишманди маҷаллаи «Ал-Арабӣ» дар муаррифии фарҳангу одоби кишварҳои гуногун ёдовар шуданд.

«Ал-Арабӣ» нашрияи Шурои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Кувайт буда, шумораи нахустини он соли 1958 ба чоп расидааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj