Понедельник, 16 ноября 2026
Политика

Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром оид ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи сиёсати хориҷии мутавозин, созанда ва сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Ҳамчунин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини сулҳ махсус таъкид гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj