ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Бобокозимӣ баргузор гарид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи танзими молу мулки дипломатӣ байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






