ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар доираи 30-юмин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкорӣ байни ду мамлакатро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






