ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин бо иштироки шумораи зиёди ҳамватанони муқими Олмон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Дар ин замина саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар таъкид гардид.
Дар суханронӣ ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навин ва таҳкими ягонагии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии он, аз ҷумла дар соҳаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин робита аҳаммияти стратегии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ҳамчун омилҳои муҳими пешрафти минбаъдаи кишвар таъкид шуд.
Сафир инчунин аз ифтитоҳи расмии бинои кунунии Сафорат дар шаҳри Берлин бо иштироки Сарвари давлат дар соли 2011 ёдовар шуда, аҳаммияти ин рӯйдодро дар таҳкими ҳузури дипломатии Тоҷикистон дар Олмон таъкид намуд. Дар ин замина ба нақши робитаҳо дар сатҳи олӣ дар рушди муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон ишора гардид. Ҳамзамон саҳми ҳамватанони муқими Олмон дар ҳифзи забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои байни ду кишвар иброз гардид.
Дар доираи чорабинӣ ба нишони арҷгузорӣ ба саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон маросими рӯнамоии тандиси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳайкалтарош Саид Маъсуми Бераҳна сохта шудааст, баргузор гардид. Саид Маъсуми Бераҳна низ дар маросими муаррифии тандис ҳузур дошта, суханронӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






