ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо сардори Раёсати савдои байналмилалӣ, иқтисод ва технологияҳои рақамии Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон хонум Туфул бинти Абдуллоҳ Аз-Заҳаб баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба имконияти тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, тақвияти ҳамкории мутақобили судманд ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






