Четверг, 19 ноября 2026
Политика

Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар  Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия  баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ дар нишасти корӣ оид ба имконоти воридшавии ширкатҳои Санкт-Петербург ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург хабар доданд, дар ҷараёни нишаст масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, имконияти сармоягузорӣ, рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва роҳҳои барқарор намудани робитаҳои мустақим байни соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ, ки дар Палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург дар шакли муҳокимаи панелӣ баргузор гардид, намояндагони мақомоти давлатии шаҳр, Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкату корхонаҳои Санкт-Петербург иштирок намуданд.

АКC: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj