Пятница, 20 ноября 2026
Политика

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург (Русия) Холназар Ғоиб бо президенти Иттиҳоди «Палатаи савдою саноатии вилояти Курган» Иля Назаренко ва намояндагони доираҳои тиҷоратии минтақа мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, иқтидори содиротии корхонаҳои Урал ва механизмҳои амалии густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Курганро баррасӣ намуданд.

Зимнан ба имконоти афзун намудани таҳвили маҳсулоти минтақавии бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ташаббусҳои муштараки соҳибкорӣ диққати махсус дода шуд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj