Пятница, 20 ноября 2026
Политика

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Туркманистон идома дорад, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марҳилаи муҳим дар таърихи Иттиҳод ба шумор меравад. «Роҳи тайкардаи давлатҳои мо давоми ин солҳо ба таври возеҳ собит намуд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун минбари муҳимми муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавқеъ ва аҳаммияти хосса дорад»,-афзуд Файзалӣ Идизода.

Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷузъи ҷудонашавандаи низоми сохтории Иттиҳод ва механизми муҳимми ҳамкории бисёрҷониба буда, ҳамчун минбари муассир барои муколамаи созанда дар фазои эътимод хизмат менамояд. Самтҳои ҳамкорӣ пайваста тавсеа ёфта, барои рушди ҳамкории бисёрҷониба равишҳои нав таҳия мегарданд.

Дар қатори афзалияти мубрами рӯз ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории технологӣ, инноватсия, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия қарор доранд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории гуногунҷанба ва созанда дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Изҳори итминон карда шуд, ки Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил минбаъд низ дар ин раванд нақши муҳим хоҳад дошт.

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, такмили қонунгузории намунавӣ ва таҳкими амниятро фаро мегирад. Ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин ҳамкории гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Илова бар ин, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рақамикунонӣ, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳо дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ворид карда шудаанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj