Суббота, 21 ноября 2026
Политика

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи «Shusha – ECO Tourism Capital 2026»,  дар шаҳри Шуша павилиони миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд. 

Дар чорабинӣ намояндагони Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон (АМСТ), Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд. Дар павилион мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, мероси табиӣ ва фарҳангию таърихии кишвар, инчунин имкониятҳои соҳаи сайёҳии он муаррифӣ карда шуданд.

20 ноябр дар шаҳри Боку вохӯрии корӣ дар қолаби B2B, ки аз ҷониби Бюрои сайёҳии Озарбойҷон (Azerbaijan Tourism Board) дар доираи сафари шиносоии намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил гардида буд, баргузор шуд.

Дар доираи B2B намояндагони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон бо ҳамтоёни озарбойҷонии худ вохӯриҳои дуҷонибаи корӣ баргузор намуда, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ, ташкили сафарҳои мутақобилаи сайёҳӣ, пешбурди хатсайрҳои сайёҳӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои нави тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj