Вторник, 24 ноября 2026
Политика

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриён дар хориҷа Май Тоҳо Халил доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср  хабар доданд, ҷонибҳо раванди иҷрои тавофуқҳои дуҷониба ва омодасозии санадҳои нав барои имзо, баргузории рӯзҳои фарҳанги ду мамлакат дар кишварҳои якдигар, инчунин омодагӣ барои баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Мисрро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср 

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj