Вторник, 24 ноября 2026
Политика

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки Парчами давлатӣ дар низоми муқаддасоти миллии мо мақоми хос дошта, таҷассумгари таърихи пурифтихор, соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ ва ормонҳои деринаи халқи тоҷик мебошад.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад. Парчам на танҳо рамзи расмии давлат, балки ифодагари ҳастии миллат, ватандӯстӣ, ягонагии ҷомеа ва масъулияти ҳар шаҳрванд дар назди Ватан аст. Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини давлатдориамон қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки масъалаи ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ, таъмини сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошт, қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти сарнавиштсоз касб намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд, аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аҳаммияти махсус зоҳир намуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои бошукуҳи Парчами давлатӣ бунёд гардида, имрӯз ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хос парафшонӣ менамояд.

Яке аз иншооти бошукуҳу мондагори даврони соҳибистиқлолии мамлакат майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин макони зебо парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр таҷассумгари арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст.

Дар ин радиф, албатта, бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва иқдомҳои наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии миллати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ қомат афрохта, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар муаррифӣ менамояд. Имрӯз ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ боиси ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj