ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар шаҳри Аммон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун Ало ал-Батайна баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Урдун, инчунин роҳҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва истифодаи самараноки имконияти мавҷудаи ҳамкории ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






