Четверг, 26 ноября 2026
Политика

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Ҷидда Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Исмоил валад Шайх Аҳмад вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломиро баррасӣ карда, оид ба мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Дар ин замина Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самтҳои обу иқлим, сулҳу амният ва зеҳни сунъии бехатар баланд арзёбӣ карда, омодагии созмонро барои ҳамкории созанда бо ҷониби тоҷикистонӣ дар пешбурди ташаббусҳои мазкур таъкид намуд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj