Четверг, 26 ноября 2026
Политика

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Бейрут мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Ҷумҳурии Лубнон Юсуф Раҷҷӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон, роҳҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои байнидавлатӣ ва тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷониба, тақвияти ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат, инчунин истифодаи самараноки имконияту иқтидори мавҷуда дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг зоҳир гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххас барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории Тоҷикистону Лубнон ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj