Пятница, 27 ноября 2026
Политика

Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бахшида ба Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Кувайт чорабинӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ зимни таъкид бар аҳаммияти сиёсии ин се ҷашни миллӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҳкими давлатдории тоҷикон, таъмини сулҳу субот, пешрафти мамлакат ва боло бурдани ҷойгоҳи он дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj