ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Бейрут мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири сайёҳии Ҷумҳурии Лубнон Лаура ал-Хозин Лаҳуд баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон дар соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои истифодаи самараноки иқтидори сайёҳии ду мамлакат ва имконияти густариши робитаҳо байни сохторҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табодули таҷриба ва ҳайатҳои сайёҳӣ, инчунин муаррифии имконияти сайёҳии ҳар ду мамлакат дар доираи намоишгоҳу форумҳои байналмилалӣ зоҳир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






