ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокдорони нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ: ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбо идома дорад, бо Раиси Парлумони ин давлат Ҷагат Викрамаратне вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона бо Шри-Ланка таваҷҷуҳи хос дошта, онро шарики худ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ медонад.
Дар суҳбат иштирокдорон аз густариши ҳамкории мутақобили судманд, ба хусус дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳангу сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, муҳиммияти тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро матраҳ карданд. Зеро таҳкими равобити байнипарламентӣ ба рушди дипломатияи парламентии кишварҳои мавриди назар ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин дар иртибот ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» Раиси Парлумони Шри-Ланка Ҷагат Викрамаратне барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба оғози татбиқи даҳсолаи мазкур, ки моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






