Суббота, 28 ноября 2026
Политика

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов дар мулоқоти аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ», ки таҳти раёсати раиси гурӯҳ, вакили Бундестаги  Федеративии Олмон Кристиан Гёрке ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон  хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj