Понедельник, 16 ноября 2026
Президент

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент — кафили ояндаи дурахшон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ доир ба аҳаммияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши маориф дар тарбияи насли ояндасоз сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки бо мақсади  арҷгузорӣ ба  хизматҳои  арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ  аз соли 2016   16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Зеро таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста аст.

Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj