ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президент дар Тоҷикистон на танҳо санаи тақвимӣ ё ҷашни сиёсӣ, балки нуқтаи муҳими натиҷаи илмӣ, сиёсӣ ва назариявӣ оид ба гузариши муваффақонаи мамлакат аз марҳалаи буҳронии сохторӣ ва парокандагии иҷтимоӣ ба марҳалаи рушди устувор ва соҳибихтиёрии мукаммал мебошад.
— Дар илми сиёсатшиносии муосир назарияи давлат ва ҳуқуқ, инчунин дар сиёсати байналмилалӣ масъалаи таъсири омили шахсият ба ташаккул, устуворӣ ва рушди низоми давлатдорӣ яке аз мавзуъҳои марказии илмӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъект ва иштирокчии комил ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, раванди мураккаб ва беназири сохтмони давлатдории миллиро паси сар намуд, ки он дар таърихи сиёсии пасошуравӣ амсол надорад.
Услуби давлатсозии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, дар таърихи сиёсии асри XXI падидаи беназири илмӣ маҳсуб мешавад. Ин модел дар шароити вазнини геополитикӣ, таназули иқтисодӣ ва маҳдудияти сохторӣ, дар мавҷуд набудани таҷрибаи қаблии давлатдории демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқӣ дар замони муосир тарҳрезӣ, озмоиш ва амалӣ карда шуд.
Барои илми сиёсатшиносии муосир, хусусан соҳаҳои конфликтология ва транзитология таҷрибаи Тоҷикистон унсурҳои нави назариявӣ пешниҳод мекунад. Фишорҳои берунӣ, таҳдидҳои амниятии фаромарзӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта нишон медоданд, ки Тоҷикистон дар остонаи парокандагии давлатӣ қарор дошт. Дар чунин шароити буҳронӣ пайдоиши роҳбари сиёсие, ки тавонад тамоми сохторҳои парокандаро муттаҳид созад ва заминаҳои аввалияи институсионалиро эҳё кунад, ҳукми таърихист.
Аҳамияти мубрами ин таҳқиқот дар он аст, ки раванди давлатсозӣ дар Тоҷикистон бояд на танҳо аз нигоҳи таърихӣ, балки аз нуқтаи назари равандҳои таърихи сиёсӣ, сохтори соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ ва меъмории дипломатӣ баррасӣ шавад. Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун низоми мукаммали консептуалӣ устувории худро дар баробари буҳронҳои дохилӣ ва ҷаҳонии се даҳсолаи охир исбот намуд. Аз ин рӯ, таҳлили систематикии ин феномен имкон медиҳад, ки қонунияти дохилии рушди давлатҳои миллӣ дар даврони глобализатсия ва гузариш ба низоми ҷаҳонӣ муайян карда шавад.
Барои фаҳмидани умқи модели давлатсозии миллии Тоҷикистон зарур аст, ки таҳлили эъмори сиёсии мамлакат на аз сохторҳои омодаву устувор, балки аз контексти мураккаб ва фоҷиабори таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд оғоз карда шавад. Аз нуқтаи назари сиёсатшиносии буҳронӣ, роҳбаре, ки дар ин давраи фалаҷшавии сохторҳои ҳокимияти марказӣ ба сари қудрат омад, бояд дорои маҷмуи хислатҳои фавқулода ва нодири шахсӣ бошад. Хислати калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми раванди минбаъдаи давлатсозиро муайян ва самтбахшӣ намуд, «иродаи стратегии сулҳофарӣ» ва «ҷасорати сиёсии фидокорона» ба шумор мерафт.
Дар шароите, ки назарияҳои классикии низоъшиносии ғарбӣ танҳо роҳҳои ҳалли низомиро тавассути дахолати берунӣ, амалӣ кардани таҳримҳо ё тақсими ҳудудӣ пешниҳод мекарданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модели беназири «сулҳи дохилӣ ва фарогир»-ро коркард ва амалӣ намуданд. Шахсияти Роҳбари давлат бо се хусусияти бунёдии сиёсӣ тавсиф мешавад: прагматизми баланд дар арзёбии қувваҳои сиёсӣ, ҷасорати қатъӣ дар қабули қарорҳои ғайристандартии тактикӣ ва қобилияти баланди дарки иҷтимоӣ, яъне робитаи мустақим ва бевосита бо оммаи халқ. Маҳз ҳамин сифатҳои шахсӣ имкон доданд, ки легитимияти роҳбар на танҳо дар заминаи расмии ҳуқуқӣ (ратсионалӣ-ҳуқуқӣ баъд аз баргузории интихоботҳои демократӣ), балки дар заминаи амиқи харизматикӣ ва эътимоди фарогири умумимиллӣ шакл гирад ва устувор шавад.
Аз нигоҳи таҳлили паҳлуҳои гуногуни давлатсозӣ унсури аввалиндараҷа ва бунёдӣ сохтмони институсионалии мактаби давлатдорӣ ва танзими сиёсати дохилӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистонро аз марҳалаи буҳронӣ ба марҳалаи давлати устувор ва соҳибихтиёр тавассути таҳкими қатъии соҳибихтиёрии ҳуқуқӣ гузарониданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, ки ҳамчун яке аз конститутсияҳои намунавӣ ва демократӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, ва ислоҳоти конститутсионии минбаъда (солҳои 1999, 2003 ва 2016) нишон медиҳанд, ки дар мамлакат модели президентии идоракунӣ ҳамчун кафили ягонагии сохторӣ ва ҳудудии давлат интихоб гардид. Ин интихоби стратегӣ аз ҷониби илми сиёсӣ комилан асоснок ва қонунӣ аст: дар давраи гузариши пасошуравӣ ва буҳронҳои шадиди сохторӣ танҳо ҳокимияти президентӣ метавонист парокандагии сохторӣ, сепаратизми минтақавӣ ва таъсири харобиовари гурӯҳҳои фишорро хунсо кунад ва заминаи институтсионалиро барои фаъолияти дигар шохаҳои ҳокимият (қонунгузор ва судӣ) таъмин созад. Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ принсипи ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро асос қарор дода, тавонист низоми сиёсиро аз таҳдиди идеологияҳои радикалӣ ҳифз намояд.
Паҳлуи дуюми муҳими давлатсозии Пешвои миллат, ки таҳлили амиқи илмиро тақозо менамояд, стратегияи амнияти миллию ҳарбӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Илми ҳарбӣ ва сиёсатшиносӣ нишон медиҳад, ки давлати муосири соҳибихтиёр бе марзҳои устувор, бе артиши миллӣ ва сохторҳои низомии муқтадир наметавонад соҳибихтиёрии сиёсии худро ҳифз кунад. Хусусияти нодири бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар он буд, ки бархӯрди мамлакат бо ин раванд дар шароити мавҷуд набудани мероси низомии Иттиҳоди Шуравӣ ба амал омад. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, ки сохторҳои омодаи ҳарбӣ, дивизияҳо ва силоҳҳои стратегиро соҳиб шуданд, Тоҷикистон Артиши миллии худро аз сифр бунёд намуд. Ин раванд дар шароити диверсификатсияи таҳдидҳои амниятии номутавозун ва гибридии фаромарзӣ ба амал бароварда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакатро на ҳамчун вазифаи одии техникӣ, балки ҳамчун унсури марказии зиндамонии миллат ва соҳибихтиёрии давлат муайян намуданд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун кафили суботи минтақавӣ ва хати аввали муқовимат бо терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад, ки ин натиҷаи консепсияи дурусти ҳарбӣ-стратегии Пешвои миллат мебошад.
Дар баробари амнияти ҳарбӣ стратегияи иқтисодӣ ва инфрасохтории давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуи дигари муҳими устувории сохториро ташкил медиҳад. Чор ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат — унсурҳои асосии амнияти миллии геополитикӣ маҳсуб мешаванд. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун иншооти азими аср, сохтмони роҳҳои автомобилии байналмилалӣ ва нақбҳо, ки қисматҳои ҷудошудаи кишварро бо ҳам пайвастанд, Тоҷикистонро ба маркази транзитии минтақавӣ табдил дод. Ин раванд дар илми геоиқтисодӣ «геоиқтисодиёти муқовиматпазир» номида мешавад, ки устувории давлатро дар баробари фишорҳои берунӣ таъмин месозад.
Паҳлуи сеюм ва шояд муҳимтарин дар давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори идеологияи миллӣ ва сиёсати фарҳангии давлат мебошад. Давлатсозии муосири Тоҷикистон бо сиёсати фарҳангӣ ва таърихии Пешвои миллат алоқамандии зич ва сохторӣ дорад. Илми сиёсатшиносӣ исбот мекунад, ки давлати муосир наметавонад танҳо дар заминаи сохторҳои иқтисодӣ ё ҳарбӣ устувор бошад, балки он ба таҳкурсии амиқи ҳувияти миллӣ ва заминаҳои маънавӣ ниёз дорад. Эҳёи мероси давлатдории Сомониён, бузургдошти шахсиятҳои таърихии миллат ва таҳкими мақоми забони давлатӣ ҳамчун унсурҳои асосии стратегияи «неруи нарм» ва воситаи эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз ифротгароии идеологӣ хизмат карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки ҳувияти миллӣ калиди асосии муқовиматпазирии ҷомеа дар шароити буҳрони идеологии ҷаҳонӣ мебошад. Ин сиёсат имкон дод, ки дар Тоҷикистон падидаи давлати миллӣ ташаккул ёбад.
Дар сатҳи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ модели давлатсозии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути консепсияи «сиёсати дарҳои боз» ва дипломатияи ташаббусҳои глобалӣ эътирофи комил пайдо намуд. Аз нигоҳи илми муносибатҳои байналмилалӣ, ин стратегия консепсияи «прагматизми бисёрсамта»-ро ифода мекунад. Ин модел имкон дод, ки мамлакат дар уқёнуси манфиатҳои мутазоди абарқудратҳо тавозуни стратегӣ ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд.
Панҷ ташаббуси бузурги ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуданд, сиёсати хориҷии мамлакатро ба мақоми баланди «давлати тавлидкунандаи рӯзномаи глобалӣ» (Global Agenda Setter) боло бурд. Дипломатияи оби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки чӣ гуна як мамлакат метавонад захираҳои маҳдуди геополитикии худро тавассути захираҳои зеҳнӣ ва дипломатияи фаъол ҷуброн намояд.
Хулосаи илмию назариявии таҳқиқоти мазкур нишон медиҳад, ки феномени Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба қонунияти умумии таърихии «нақши шахсият дар таърих» ва назарияҳои муосири пешвоии сиёсӣ комилан мувофиқат мекунад. Таҳлили систематикии паҳлуҳои гуногуни фаъолияти давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки хулосаҳои зерини консептуалӣ устувор карда шаванд:
-Модели давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми мукаммал ва динамикӣ мебошад, ки дар он прагматизми сиёсии роҳбар, устувории институсионалии ҳокимияти президентӣ, таҳкими ҳувияти миллию фарҳангӣ ва дипломатияи фаъоли глобалӣ бо ҳам пайвастагии сохторӣ доранд. Шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъмори сулҳ ва асоси легитимияти сиёсии низом хизмат намуда, устувории давлатро дар марҳалаҳои гуногуни гузариш таъмин кард.
Поягузорӣ ва татбиқи сиёсати дохилӣ дар заминаи мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат исбот намуд, ки барои давлатҳои дар ҳоли гузариш қарордошта ҳамгироии ҳокимият, амнияти инфрасохторӣ ва энергетикӣ ва ҳифзи соҳибихтиёрӣ аз либерализатсияи шитобкоронаву беҳадаф аввалиндараҷа мебошанд. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ аз сифр ва табдил додани он ба институти муқтадири ҳарбӣ-стратегӣ кафили асосии ҳифзи соҳибихтиёрии мамлакат дар баробари таҳдидҳои асимметрии асри XXI гардид.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсияи нави дипломатияи об ва прагматизми бисёрсамтаро ба илми муносибатҳои байналмилалӣ ворид сохт. Он имкон медиҳад, ки давлатҳои дорои ҳудуд ва захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ҷойгоҳи худро дар сатҳи глобалӣ тавассути «неруи нарм» ва ташаббусҳои созанда мустаҳкам намоянд. Барои илми сиёсатшиносии ватанӣ ва хориҷӣ модели давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи муваффақонаи сохтмони давлати миллии устувор дар шароити буҳронҳои ҷаҳонӣ ва геополитикии асри нав мебошад, ки самарабахшии худро давоми се даҳсолаи охир комилан исбот намудааст.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






