Четверг, 12 ноября 2026
Общество

Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирии қаллобӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб байни муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва шаҳрвандони сафаркунанда корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон оид ба масъалаҳои пешгирии қаллобӣ ҳангоми интиқоли маблағ, истифодаи суратҳисобҳои бонкӣ ва фаъолияти фондҳои қалбакӣ суҳбат анҷом дода шуд.

Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки вақтҳои охир гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва шахсони қаллоб бо истифода аз наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир таҳияшуда ва маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон маблағ ҷамъоварӣ менамоянд. Аз ин рӯ шаҳрвандон бояд ҳангоми интиқоли маблағ эҳтиёткор бошанд ва ба суратҳисобҳои шахсони ношинос, фондҳои шубҳанок ва кортҳои бонкии шахсони бегона маблағ нагузаронанд.

Тавсия дода шуд, ки пеш аз интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гиранда, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ гирифта, мақсади ҷамъоварии маблағро санҷанд. Ҳамчунин ба маълумот ва дархостҳои молиявии тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва каналҳои ношиноси Telegram пешниҳодшуда бе санҷиши эътимоднокӣ бовар накунанд.

Бо шаҳрвандоне, ки аз Федератсияи Русия ба Ватан баргаштаанд, суҳбат доир гардида, ба онҳо барои дарёфти ҷойи кори холӣ дар дохили мамлакат, ҷалб шудан ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар доштанд, масъалаҳои эҳтиёткорӣ ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва шахсони пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, дарёфти ҷойи кор, тамдиди бақайдгирӣ, гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ шарҳ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки маълумоти зарурӣ бояд танҳо аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла сомонаҳои Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва мақомоти салоҳиятдори ин давлат дастрас карда шавад.

Ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва тавсияномаҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.

Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ метавонанд ба телефони боварии фаврии хадамот — 900-80-08-00 занг зананд.

АКС: Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj