Четверг, 12 ноября 2026
Общество

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар  Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд

РАШТ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт дар ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Иншооти мазкур иқдоми муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии сохторҳои ҳифзи бехатарӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кормандони соҳаи оташнишонӣ ва таъмини амнияти сокинони ҷамоат ба шумор меравад.

Ин иншооти муҳими хизматӣ дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд гардид. Он ба фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ барои кормандони соҳа ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj