Четверг, 12 ноября 2026
Общество

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон силсилабастаҳои интернетии «MIX»-ро пешниҳод менамояд, ки трафики умумии интернетро бо ҳаҷми иловагии гигабайтҳо махсусан барои хизматрасониҳои маъруфи рақамӣ якҷоя менамояд.

Афзалияти асосии силсилаи «MIX» имконияти интихоби баста вобаста ба ниёзу талаботи махсуси муштарӣ ба шумор меравад. Бастаҳо давоми 30 рӯз амал карда, аз тарофа вобастагӣ надоранд ва ҳангоми ивази он нигоҳ дошта мешаванд.

Трафики иловагӣ барои истифодаи паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоии маъруф пешбинӣ гардидааст. Ба рӯйхати онҳо Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook Messenger, Instagram, «ВКонтакте», «Одноклассники», Facebook, TikTok ва YouTube дохил мешаванд.

Ба муштариён шаш варианти бастаҳо дастрас аст:

Силсилаи «MIX» имкон медиҳад, ки трафики интернет бо назардошти одатҳои рақамии ҳар муштарӣ ба таври нисбатан самаранок тақсим ва ҳаҷми мувофиқи хизматрасониҳо бо нархи дастрас интихоб карда шавад. Пайвасткунии дилхоҳ баста танҳо тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» имконпазир аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj