ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мунир Сафарзода иброз намуд, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи давлатсозии муосир аҳаммияти хос доранд».
Таъкид гардид, ки таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ, пеш аз ҳама, ифодаи шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар вазъияти барои давлати ҷавони тоҷикон ниҳоят мураккабу печида роҳбарии мамлакати ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашидашударо ба уҳда гирифта, бо меҳнату заҳмат, ҷасорату хиради волои хеш тавонистанд халқу миллатро сарҷамъ карда, армонҳои ҳазорсолаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳанд.
Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ намудани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ — сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Дар ҷараёни конференсия иштирокдорон нақши таърихии ин иҷлосияро дар ташаккул ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, нақши Пешвои миллатро дар рушду нумуи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу илм, ташаккули ҷомеаи муосир ва аҳамияти омӯзиши таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






