Пятница, 13 ноября 2026
Общество

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Рӯзи Президент- таҷассумгари арзишҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз марҳилаҳои ниҳоят ҳассос ва тақдирсози таърихи давлатдории тоҷикон баргузор гардида, барои наҷоти давлату миллат, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои ҳокимияти давлатӣ ва оғози марҳилаи нави сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт».

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли мо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаро соҳиб мебошад.

Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар яке аз марҳилаҳои ҳассостарини таърихи миллат баргузор гардида, барои наҷоти давлат, барқарории сохти конститутсионӣ ва оғози раванди сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид.

Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд, ки дар он намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон ва анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин ҳама аз таъриху фарҳанги ғанӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва ҳунарварии мардуми тоҷик шаҳодат медод.

Баргузории чунин ҳамоиш ба таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию шаҳрвандии ҷомеа мусоидат намуда, сокинонро ба саҳмгузории фаъолона дар ободиву пешрафти Тоҷикистон роҳнамоӣ менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj