ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар конференсияи байналмилалӣ оид ба танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ ва ташаббусҳои рақамии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чорабинии мазкур дар шаҳри Шанхай дар доираи мубодилаи академии сеюм таҳти унвони «Ҳуқуқ ва методология дар даврони тамаддуни рақамӣ» баргузор гардид.
Исфандиёр Собирзода дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва методологияи ҳуқуқӣ дар тамаддуни рақамӣ: дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» маъруза карда, имконоти зеҳни сунъиро барои рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ таҳлил намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд ба талаботи қонун, адолат, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқ бошад.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар ин самт ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди устувор мусоидат мекунанд.
Ба иттилои Вазорати адлия, иштирок дар чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷриба, тақвияти робитаҳои академӣ ва муаррифии мавқеи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва технологияҳои нав заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






