Суббота, 14 ноября 2026
Общество

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлатдории ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти сиёсӣ, ташаббусҳои созанда ва нақши роҳбарии онҳо дар ташаккули низоми давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар аҳаммияти таърихӣ пайдо менамояд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барҷаста мебошад.

–Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои давлатдории Роҳбари мамлакат, балки фурсати муносиб барои таҳлили роҳи тайкардаи кишвар, арзёбии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳо ва паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, вазъи кунунии рушди иқтисоди миллӣ ва дурнамои он, ташаккули тафаккури иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат, дастгирии ташаббусҳои ихтироъкориву навоварӣ, инчунин баланд бардоштани сифат ва самаранокии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд.

Дар ин замина, масъалаи муайян намудани саҳми илму технологияҳои ватанӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ, арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва ошкор намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда аҳаммияти махсус касб мекунад. Зеро рушди устувори иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ ва тағйирёбии босуръати технологияҳо бидуни такя ба илми муосир, сармояи инсонӣ ва навовариҳои технологӣ имконнопазир аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид намудаанд, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатпазирии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти аҳаммияти ин масъала зарур аст, ки мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддиву молиявӣ тадриҷан баланд бардошта шавад.

Зеро дар шароити муосир танҳо он давлатҳое метавонанд мавқеи устувори иқтисодии худро нигоҳ дошта, ба дастовардҳои назарраси иҷтимоӣ ноил гарданд, ки дорои захираҳои инсонӣ, шаҳрвандони босаводу соҳибмаърифат, донишманд, соҳибкасб ва дорои тафаккури созанда бошанд. Маҳз сатҳи рушди неруи зеҳнӣ ва касбии ҷомеа имконият фароҳам меорад, ки иқтидори иқтисодии кишвар самаранок истифода шуда, заминаи рушди дарозмуддат таъмин гардад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар арзёбии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон таҳлили марҳалаҳои ташаккул ва рушди иқтисоди миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, танҳо аз соли 2000-ум имконият фароҳам омад, ки раванди коҳиши иқтисоди миллӣ боздошта шуда, мамлакат ба марҳалаи нави рушд ворид гардад.

Дар солҳои минбаъда бо ташаббус ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат раванди бунёду азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ вусъат пайдо кард. Дар ин давра зиёда аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, беш аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пулҳои нав сохта шуданд. Амалӣ гардидани чунин иқдомоти бузурги инфрасохторӣ на танҳо робитаҳои дохилии кишварро таҳким бахшид, балки имконият фароҳам овард, ки минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳам пайваст гардида, қаламрави мамлакат ба як фазои воҳиди иқтисодиву иҷтимоӣ табдил ёбад.

Бунёду таҷдиди роҳҳо ва иншооти нақлиётӣ барои рушди тиҷорати дохиливу хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар маҷмуъ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Айни замон дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар байни онҳо лоиҳаҳои марбут ба рушди илм ва маориф низ мавқеи муҳим доранд.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати сармоягузории давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ташаккули инфрасохтори муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Дар низоми ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи ғизоии хушсифат мақоми махсус дорад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба ҳифзи суботи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини истиқлолияти иқтисодии давлат алоқаманд мебошад.

Пешвои миллат зимни баррасии ин масъала борҳо аз вазъи мураккаби иқтисодиву иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ ва хатари гуруснагӣ Ҳукумати мамлакат барои дастгирии аҳолӣ ва таъмини шароити истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои фаврӣ андешид.

Аз ҷумла, солҳои 1995 ва 1997 мутаносибан 50 ҳазор ва 25 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Ин иқдом, ки дар таърих бо номи «замини президентӣ» маъруф гардид, дар пешгирии хатари гуруснагӣ, рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва беҳтар намудани таъминоти озуқавории оилаҳо нақши муҳим бозид.

Маҳз чунин тадбирҳои саривақтӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори аграрии мамлакат замина гузоштанд. Тибқи маълумотҳои омори, сатҳи худтаъминкунии озуқавории кишвар дар соли 2025 ба 85 фоиз расидааст, ки нишондиҳандаи назаррас дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи технологияҳои муосири аграрӣ, ҷорӣ намудани усулҳои сарфакоронаи обёрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки барои расидан ба истиқлолияти комили озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо назардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, истифодаи самараноки об ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия дар сиёсати иқтисодии давлат мавқеи афзалиятнок дорад.

Тавре аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид, бармеояд, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бо маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёд ва таҷдид карда шудаанд. Дар натиҷа, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардидааст.

Аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуда, неругоҳи «Сарбанд» пурра таҷдид гардид. Ҳамзамон корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум», инчунин бунёди неругоҳи «Себзор» идома ёфтанд.

Дар маҷмуъ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ низ аз 17,6 миллиард киловатт-соат дар соли 1991 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

Ин дастовардҳо гувоҳи онанд, ки сиёсати энергетикии давлат на танҳо ба қонеъ гардонидани талаботи дохилии кишвар, балки ба ташаккули иқтидори содиротии мамлакат ва таҳкими ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ равона гардидааст.

Дар ин замина, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда ва рушди манбаъҳои алтернативии энергия аҳаммияти стратегӣ доранд. Зеро энергетика ҳамчун омили асосии рушди саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар таъмини рақобатпазирии мамлакат нақши ҳалкунанда мебозад.

Дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намудаанд, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият мекард. Аммо дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба беш аз 4 ҳазор расида, дар онҳо зиёда аз 100 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ин раванд аз тағйироти назаррас дар сохтори иқтисоди миллӣ шаҳодат дода, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва коҳиш додани вобастагии иқтисодиёт аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар шароити кунунӣ масъалаи саноатикунонии босуръат танҳо бо зиёд намудани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ маҳдуд намегардад. Балки он навсозии технологияи истеҳсолот, истифодаи таҷҳизоти муосир, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ, ҷорӣ намудани низоми рақамии идоракунӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаро низ дар бар мегирад.

Аз ин рӯ, рушди саноатикунонии мамлакат бояд бо дастовардҳои илмӣ, ихтирооту навовариҳо ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳамоҳанг карда шавад. Танҳо дар чунин сурат метавон маҳсулоти рақобатпазири ватаниро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ пешниҳод намуд.

Дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Пешвои миллат илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти давлат ва ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат мавқеи махсус доранд. Зеро рушди иқтисоди миллӣ дар шароити муосир на танҳо ба захираҳои табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ, балки пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ ва қобилияти эҷодии шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад.

Ба андешаи Пешвои миллат, яке аз омилҳои асосии густариши хурофотпарастӣ ва гаравидани баъзе қишрҳои ҷомеа ба идеяҳои иртиҷоӣ сатҳи нокифояи маърифатнокӣ ва заъфи тафаккури илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, илму маориф бояд ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа дар муқобили ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб хизмат намоянд.

Дар ин замина, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва эҷодии ҷавонон, инчунин тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ аҳаммияти хосса дорад.

Олимону донишмандон ва омӯзгорон дар ин раванд масъулияти бузурги иҷтимоӣ доранд. Зеро маҳз тавассути таҳқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва тарғиби арзишҳои миллӣ метавон заминаҳои устувори рушди ҷомеаи муосирро фароҳам овард.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалии об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист ташкил медиҳанд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти мазкур назаррас мебошад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, ки барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи захираҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Аз ҷумла, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон карда шуданд. Бо назардошти аҳаммияти ҳамкории фаромарзӣ дар истифодаи захираҳои об, соли 2013 низ бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Ташаббуси дигари муҳими Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мебошад. Ин иқдом барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор аҳаммияти махсус дорад. Ҳамзамон, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ин ташаббус аҳаммияти масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои оби тозаи ҷаҳон ба сатҳи байналмилалӣ бардошт. Дар доираи ин иқдом соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур барои баррасии вазъи пиряхҳо, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт заминаи муҳим фароҳам овард. Ҳамзамон, масъалаи таъсис ва рушди механизмҳои молиявию ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми рӯзномаи он ба ҳисоб мерафт.

Дар маҷмуъ, ин ташаббусҳо аз мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ва саҳми назарраси Пешвои миллат дар ташаккули ҳамкории байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.

Бо назардошти аҳаммияти стратегӣ ва иқтисодии масъалаҳои обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 ва 26 декабри соли 2019, инчунин дар суханрониҳо дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1 марти соли 2017, шаҳри Исломобод) ва Ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО (12 ноябри соли 2019, шаҳри Париж) ба масъалаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи неруи барқ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ин иқдомҳо на танҳо барои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон, балки барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кишварҳои ҳамсоя ба неруи барқ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, аҳаммияти муҳим доранд.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ва таваҷҷуҳу дастгирии доимии давлату Ҳукумати мамлакат, масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот ҳанӯз ҳам яке аз вазифаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид намуданд, натиҷаи фаъолияти олимон ва сохторҳои соҳаи илм ҳанӯз ба талаботи замони муосир пурра ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла, саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест.

Ин ҳолат тақозо менамояд, ки самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи иқтидори зеҳнии олимон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба таври ҷиддӣ тақвият дода шавад.

Аз ин рӯ, ба андешаи Президенти Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи илм тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои чорабиниҳои марбут ба ин самтро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтору мақомоти дахлдор супориш додаанд, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳиссаи хароҷоти умумиро ба соҳаи илм то охири муҳлати амалисозии стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонанд.

Ин ҳадаф аз зарурати ташаккули низоми муосири илм, рушди инфрасохтори таҳқиқотӣ, дастгирии олимони ҷавон, ҷалби сармоягузорӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳанӯз соли 2020 Пешвои миллат зимни мулоқот бо олимони кишвар таъкид намуда буданд, ки самту равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бояд пеш аз ҳама ба навсозӣ ва ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд.

Дар шароити кунунӣ ин масъала аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо кардааст. Зеро тағйирёбии босуръати иқлим, инқилоби технологӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва афзоиши рақобати байналмилалӣ тақозо менамоянд, ки таҳқиқоти илмӣ ба талаботи воқеии ҷомеа ва иқтисоди миллӣ мутобиқ карда шаванд.

Аз ҷумла, рушди «иқтисоди сабз», «энергияи сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки илму иқтисодиёти муосир ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина, саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва расонидани саҳми иқтисодии технологияҳои зеҳни сунъӣ то 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аҳаммияти махсус дорад.

Бояд таъкид намуд, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар самтҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, низоми молиявӣ ва идоракунии давлатӣ имкониятҳои нави рушдро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ ва таҳияи роҳҳои амалии истифодаи зеҳни сунъӣ фаъолона иштирок намоянд.

Дар баробари масъалаҳои зикршуда, арзёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои сиёсати иқтисодии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба таҳлил карда шаванд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам оварданд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,0 фоизи соли 1999 то 18,2 фоиз дар соли 2025 коҳиш дода шавад.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД), ки арзиши умумии молу хизматрасониҳои ниҳоии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшударо инъикос менамояд, яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии вазъи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Агар ҳаҷми ММД дар соли 2010 ба 24,7 миллиард сомонӣ баробар бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 45,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2015 ба 48,4 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисодиёт 6 фоизро ташкил додааст.

Тибқи нишондиҳандаҳои овардашуда, ҳаҷми ММД дар давраи охир ба зиёда аз 160 миллиард сомонӣ расида, рушди солонаи иқтисодиёт дар ҳудуди 7,5–8,0 фоиз арзёбӣ мегардад. Ин нишондиҳандаҳо аз тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамин тариқ, таҳлили марҳалаҳои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати созанда ва ҳадафмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ тағйироти назаррас ба амал омадаанд.

Таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот, бунёди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, рушди соҳаҳои энергетикаву саноат, баланд бардоштани иқтидори кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва густариши ташаббусҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Дар баробари ин, таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат зарурати тақвияти заминаҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдиву амалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани саҳми илм дар иқтисоди миллӣ боз ҳам бештар мегардад.

Махсусан, дар шароити ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, густариши технологияҳои зеҳни сунъӣ ва тағйирёбии сохтори бозори ҷаҳонӣ зарур аст, ки робитаи илм бо истеҳсолот ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад. Ҳамзамон, дастгирии олимони ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва истифодаи самараноки иқтидори зеҳнии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имконияти мавҷудаи иқтисодию зеҳнӣ ва сафарбар намудани неруи илмӣ Тоҷикистон метавонад дар марҳалаҳои минбаъда ба дастовардҳои боз ҳам назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардад.

Мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи илмӣ ва зиёии мамлакат омода ҳастем, ки рисолати касбӣ ва шаҳрвандии худро бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ иҷро намуда, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.

Додулло РАСУЛЗОДА,
дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Шаҳриёр БАДАЛОВ,
дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj