ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муътадил гузаронидани фаслҳои тирамоҳу зимистон барои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Таҳлили омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки имсол дар баробари захираи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба энергияи «сабз» ва низомҳои муосири гармидиҳӣ равона шудааст.
Нақшаи чорабиниҳо
Омодагӣ ба мавсими сармои солҳои 2026–2027 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 ба роҳ монда шудааст. Барои назорати қатъии иҷрои корҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои махсус амалӣ мегардад.
Тавре сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат Зайнулло Шарифзода иброз дошт, ҷараёни самаранок гузаронидани мавсим таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Захираи маводи сӯхт
Нишондиҳандаҳои захираи сӯзишворӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муассисаҳои тандурустӣ нисбат ба нақшаи пешбинишуда маводи бештар захира кардаанд Ангишт 12 804,1 тонна захира шудааст, ки баробари 102,7 фоизи нақша мебошад. Сӯзишворӣ ба ҷои 73 308 литри пешбинишуда 73 938 литр (100,9 фоиз) захира гардидааст. Захираи ҳезум ба 6985,4 метри мукааб расидааст, ки 99,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Захираи хӯрокворӣ
Барои ғизои гарму серғизои беморон ва бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дар анборҳо маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст. Яъне, барои ин давра 199,6 тонна картошка, 95,8 тонна пиёз, 34 214 литр равған, 194,1 тонна орд, 41,8 тонна биринҷ, 33,8 тонна шакар ва 191,1 тонна дигар намуди маводи хӯрокворӣ захира шудааст.
Омодагии техникӣ
Дар ҳолати сардии шадид ё қатъи муваққатии неруи барқ муассисаҳои тандурустии мамлакат бо воситаҳои эҳтиётӣ низ таъмин мегарданд. Дар ҷумҳурӣ 273 дегхонаи буғӣ, 12 066 печкаи барқӣ ва 4973 печкаи аловӣ омодаи кор мебошанд. Инчунин 890 генератори барқӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар вилояти Хатлон 282 адад, дар вилояти Суғд 192 адад, дар шаҳри Душанбе 81 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 180 адад ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 46 адад насб шудаанд.
Энергияи офтобӣ
Бо мақсади сарфаи неруи барқ ва таъмини фаъолияти мунтазами беморхонаҳо дар 159 муассисаи тандурустии мамлакат 2417 панели офтобӣ бо иқтидори умумии 975,7 кВт насб гардидааст.
Тавре сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнулло Шарифзода иттилоъ дод, «аз ин шумора дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 671 панели офтобӣ бо иқтидори 393 кВт дар 69 муассисаи тандурустӣ, 390 адад бо иқтидори 296,2 кВт дар 26 муассисаи тандурустии вилояти Хатлон, 805 адад бо иқтидори 189,1 кВт дар 34 муассисаи вилояти Суғд, 144 адад бо иқтидори 12 кВт дар 1 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе, 79 адад бо иқтидори 37,5 кВт дар 14 муассисаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 328 панели офтобӣ бо иқтидори 47,9 кВт дар 10 муассисаи ҷумҳуриявии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ насб гардидаанд».
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, бештари иқтидори энергияи офтобӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд, ки ин ба шароити баландкӯҳ ва офтобии ин минтақа мувофиқ аст.
Вазъи гармидиҳӣ дар пойтахт
Дар шаҳри Душанбе, ки муассисаҳои бузурги ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ мутамарказ шудаанд, низоми гармидиҳӣ ба се бахш тақсим шудааст. Аз 116 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 95 муассиса (47 адад ҷумҳуриявӣ ва 48 адад шаҳрӣ) аллакай ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайвастаанд. Инчунин 12 муассиса (4 адад ҷумҳуриявӣ ва 8 адад шаҳрӣ) тавассути дегхонаҳои локалӣ гарм карда мешаванд. 9 муассисаи дигар (3 адад ҷумҳуриявӣ ва 6 адад шаҳрӣ) шабакаҳои дохилии худро омода кардаанд ва пас аз кашидани хатҳои асосӣ ба гармии мутамарказ пайваст карда мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






