ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Зоир Раҳмонзода доир ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон сухан гуфт.
Иброз гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд зимни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳилаи ҳассоси давлатдорӣ барои муайян намудани самти минбаъдаи рушди сиёсиву иҷтимоии кишвар, раванди барқарории сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошт.
Таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар симо ва шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, ки зеро маҳз ин шахсияти бузурги таърихӣ тавонистанд халқи моро дар мушкилтарин масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоистаро ба таври бебозгашт фурӯзон нигоҳ дорад.
Тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият менамоянд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихор барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистон аст.
Гиромидошти ин санаҳои таърихӣ ва изҳори ватандӯстӣ танҳо ифтихор аз гузашта нест, балки он дар муносибати бомасъулият нисбат ба имрӯз ва саҳми созанда дар ояндаи мамлакат зоҳир мегардад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






