Понедельник, 16 ноября 2026
Общество

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор  шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомоти хабар доданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани замина барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.

Иброз гардид, ки бо гузаштан ба шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Сарвари давлат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳими стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ташаббусҳои Сарвари давлат мебошанд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони мақомот дар мавзуъҳои «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ташаккули низоми муосири бонкӣ», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон—ҷашни бузурги давлатдории миллии тоҷикон» ва «Нақши Президент дар ташаккули ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза карданд.

Зимни мубодилаи афкор омӯзиши таҷрибаи давлатдории Сарвари давлат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии кормандон муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj