Понедельник, 16 ноября 2026
Общество

Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Саидзода Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмонро  ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд.

Дар паёми табрикӣ оид ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ин сана дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳо дарҷ гардида буд.

Таъкид шуд, ки барои эҳёи давлатдории миллӣ баъди ташаккули институти Президентӣ дар кишвар ва хизматҳои фидокоранаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам омад.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин, раиси кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон Маҳмадалӣ Ватанзода андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар таҷлил гардида, барои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти хосса дорад.

Дар чорабинӣ оид ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  баъди интихоби Роҳбари давлат сарчашмаи эҳёи давлатдории тоҷикон гардид, андешаронӣ карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj